Вазорати мудофиаи ИМА барои фиристодани панҷ ҳазор сарбоз ба ҷануби ғарби Амрико – ба марзи ин кишвар бо Мексика – омодагӣ мебинад.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ин тасмим дар робита ба наздикшавии корвони паноҳандагон гирифта шудааст, ки ният доранд, ҳаққи иқоматро дар ИМА пайдо кунанд. Корвон ба марзи ИМА наздик мешавад.
Бо истинод ба навиштаи расонаҳо гуфта мешавад, 5 ҳазор сарбоз баробари се яки шумори умумии кормандони гумруки Амрикост, ки дар гузаргоҳҳои марзӣ фаъолият мекунанд.
Вазорати дифои ИМА ибтидои соли ҷорӣ наздики 2 ҳазор сарбоз ба марзи Мексика фиристода буд.
Корвони паноҳандагон, ки тавассути ҳудуди Мексика ба марзи ИМА наздик мешавад, таваҷҷуҳи расонаҳоро ҷалб кардааст. Ин муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсояи Мексика ҳастанд. Ҳукумати Мексика барои қисме аз ин муҳоҷирон ҷойи кор ва манзил пешниҳод кард.
Мақомоти Амрико ҳам гуфтанд, барои онҳое, ки ба паноҳгоҳи фаврӣ эҳтиёҷ доранд, кумак мекунанд. Аммо ҳам мақомоти Мексика ва ҳам мақомоти Амрико гуфтанд, наметавонанд ба ҳамаи паноҳандагон ёрӣ расонанд.