Баррасии иштироки Фонди авруосиёӣ дар таъмиру навсозии нерӯгоҳи “Бойғозӣ”

Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки идоракунии воситаҳояш дар ихтиёри Бонки авруосиёии рушд (БАОР) аст, масъалаи маблағгузории корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Бойғозиро дар Тоҷикистон баррасӣ дорад. Тавре хадамоти матбуоти БАОР иттилоъ медиҳад, зимни ташрифи кормандони сохтори лоиҳавии Фонд ҳамроҳ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ (16-20 сентябр) бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва ширкати […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки идоракунии воситаҳояш дар ихтиёри Бонки авруосиёии рушд (БАОР) аст, масъалаи маблағгузории корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳи барқи обии Бойғозиро дар Тоҷикистон баррасӣ дорад.

Тавре хадамоти матбуоти БАОР иттилоъ медиҳад, зимни ташрифи кормандони сохтори лоиҳавии Фонд ҳамроҳ бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ ба ҷумҳурӣ (16-20 сентябр) бо раҳбарияти Вазорати энергетика ва ширкати “Барқи тоҷик” зарурат ва дурнамои таъмиру навсозии таҷҳизоту механизмҳои нерӯгоҳ баррасӣ шудааст.

Аъзои ҳайат аз нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ”, ки беш аз 30 сол пеш мавриди истифода қарор гирифтааст, боздид карданд.

Намояндагони Фонд инчунин аз нерӯгоҳи Норак боздид карда, бо шахсони масъул ҷараёни амалисозии лоиҳаи таъмиру навсозии онро баррасӣ карданд. Моҳи феврали соли равон ҷудо гардидани 40 млн. доллар барои маблағгузории марҳилаи 1-уми ин корҳо дар нерӯгоҳ маъқул дониста шуд.

Дар доираи лоиҳа харидорӣ, таҳвил, васлу насб ва ба истифода додани шаш автотрансформатори якфазагӣ ба ивази таҷҳизоти ба ин монанд, ки дар зеристгоҳи трансформатории нерӯгоҳи Норак беш аз 40 сол пеш гузошта шуда, муҳлати истифодааш гузашта ва дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор дорад, пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа як бихши лоиҳаи бузурги таъмиру навсозии нерӯгоҳи Норак мебошад, ки аз ду марҳила бо маблағгузории умумии то 700 млн. доллар иборат аст.

Айни замон марҳилаи якуми корҳои таъмиру навсозии нерӯгоҳ ҷараён дорад, ки дар маблағгузории он ба ҷуз Фонди авруосиёии субот ва рушд, Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) ва Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ низ саҳм доранд.

Маълумотномаи “Азия-Плюс”

Нерӯгоҳи барқи обии “Бойғозӣ” дар дарёи Вахш, 32 километр поинтар аз нерӯгоҳи Норак сохта шуда, айни замон дуюмин нерӯгоҳи муқтадири ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Иқтидори нерӯгоҳ 600 МВт (чор агрегат 150 Мвт) буда, ҳаҷми солонаи истеҳсоли барқ дар он 2,5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Корҳои лоиҳакашии нерӯгоҳи “Бойғозӣ” солҳои 70-уми асри гузашта оғоз шуданд. Бунёди нерӯгоҳ маъракаи сохтмони зарбдори умумииттифоқ эълон шуда буд. Нерӯгоҳ соли 1986 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.