Наҷоти шаҳрвандони Лаҳистон дар кӯҳҳои Помир

Наҷотбахшони тоҷик боз як амалиёти наҷоти сайёҳонро анҷом доданд. Ин дафъа оилае аз Лаҳистон наҷот дода шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 3-юми октябр тахминан соати 14:00 ба қисми навбатдории Кумита хабар расидааст, ки тахминан дар наздикии Қарокӯл ва Мозкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ ду сайёҳи лаҳистонӣ сигнали «SOS» равон […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Наҷотбахшони тоҷик боз як амалиёти наҷоти сайёҳонро анҷом доданд. Ин дафъа оилае аз Лаҳистон наҷот дода шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 3-юми октябр тахминан соати 14:00 ба қисми навбатдории Кумита хабар расидааст, ки тахминан дар наздикии Қарокӯл ва Мозкӯли ноҳияи Мурғоби ВМКБ ду сайёҳи лаҳистонӣ сигнали «SOS» равон карданд.

“Кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб ва гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаи Қарокӯл ба ҷойи ҳодиса эъзом шуданд. Онҳо соати 15:40 дақиқа бо сайёҳон иртибот барқарор карданд. Маълум гардид, ки яке аз онҳо Богдан Гас ном дошта, 38-сола будааст ва ҳамсараш Иванна Гиришска 34 сол доштааст”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ин зану шавҳар бо мошин сафар кардаанд. Роҳи онҳо аз тариқи ноҳияи Мурғоб гузашта, баъдан мебоист ба шаҳри Оши Қирғизистон мерафтанд. Аммо то ҷойи муайяншуда нарасида, муҳаррики мошин аз кор мондааст. Онҳо гуфтаанд, ки сиҳатанд ва ба кумаки тиббӣ ниёз надоранд.

Барои расонидани ёрӣ ҷиҳати таъмири мошини сайёҳон кормандони Шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Мурғоб онҳоро ба деҳаи Қарокӯл оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.