Даъвати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Зебосанам – 2019»

Айни замон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунар ва зебоӣ «Зебосанам – 2019» ҷараён дорад. Озмуни мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи […]

Иттилоияи расмӣ

Айни замон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунар ва зебоӣ «Зебосанам – 2019» ҷараён дорад.

Озмуни мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад.

Мақсад аз баргузории озмун эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ ва инкишофи маҳорати суханварии ҷавондухтарон мебошад.

Даври аввали марҳилаи интихобии озмун (кастинг) аллакай дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ доир гардид.

Марҳилаи аввал барои дарёфти гулдухтарони арзанда аз шаҳру вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо сарулибос ва анъанаҳои ба он минтақа хос ва муайян кардани беҳтаринҳо барои иштирок дар давраҳои минбаъдаи озмун равона мешавад.

Тибқи нақша, марҳилаи интихобии озмуни «Зебосанам – 2019» барои ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе рӯзи 8-уми октябр дар «Кохи Суруш»-и пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Гулдухтарони аз 18 то 28-солае, ки қомати расо, симои зебо, ҳунари воло ва маҳорати суханварӣ доранд, метавонанд худро дар Маркази ҷавоҳироти «Тоҷик Кристалл» номнавис карда, дар ин озмуни муҳташам ширкат варзанд.

Иштирокчиён ва ғолибонро туҳфаҳои арзанда интизор аст.

Бурди асосӣ – 50000 сомонӣ.

Телефон барои тамос: 227 65 63, 904 27 65 63.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.