Тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар пойтахт бартараф мегардад?

Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби кормандони БДА дар шаҳри Душанбе рейд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст. Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои дар ҷойҳои муқарранашуда таваққуф кардани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нозирон амалиёти […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Баҳри таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва танзими ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби кормандони БДА дар шаҳри Душанбе рейд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шудааст.

Вобаста ба ин ҷиҳати баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои дар ҷойҳои муқарранашуда таваққуф кардани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби нозирон амалиёти мақсаднок ташкил ва гузаронида мешавад, иттилоъ медиҳад ВКД.

Аммо яке аз масъалаҳое, ки ҳанӯз ҳам ташвишовар боқӣ мондааст, тамбашавии сунъии воситаҳои нақлиёт мебошад. Чуноне таҳлилҳо нишон медиҳанд маҳз нодуруст дар қатору дуюми сеюм таваққуф намудани воситаҳои нақлиёт сабабгори ба вуҷуд омадани чунин ҳолатҳо гардидааст.

Мутаассифона, сарфи назар аз баргузории маҷмӯи чорабиниҳои профилактикӣ, рейду амалиёт ва таъкидҳои ҳамешагӣ, ҳамоно ҳастанд ронандагоне, ки талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нодида гирифта, дар аксар маврид автомашинаҳои шахсиашонро дар дохил ва ё наздикии истгоҳҳои шаҳрӣ, дар қатори дуюму сеюм ва дигар ҷойҳои номуқарраршуда таваққуф намуда, тамбашавии сунъии роҳҳои нақлиётгарди пойтахтро ба вуҷуд меоранд.

Чунончи бетартибиҳое, ки дар вақти гузаронидани рейду амалиёт аз ҷониби кормандони Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ошкор гардид, дар бештари маврид маҳз бо айби ронандагони воситаҳои нақлиёти бо истилоҳ «таксӣ» ва шахсони воқеӣ, ки дар қатори дуюм дуру дароз таваққуф карда, ба ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёти маршрути ҷамъиятӣ халал мерасонанд, ба амал омадааст.

Нисбат ба он ронандагоне, ки Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ монеа эҷод карда, тибқи талаботи моддаи 324 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Мақомоти милитсияи шаҳри Душнабе бори дигар аз кулли ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҳамаҷониба риоя намоянд. Бо гузоштани автомашинаҳои шахсиашон дар истгоҳҳо ва ҷойҳои манъшуда ба ҳаракати бемайлони воситаҳои нақлиёти мусофиркашон халал ворид накунанд, то тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт бартараф шуда, шаҳрвандон сари вақт ба коргоҳу манзили худ бирасанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.