Шарҳи Бонки миллӣ доир ба сабабҳои рушд наёфтани қарзи ипотекӣ

Бонкҳои Тоҷикистон аз пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои молиявии зарурӣ худдорӣ мекунанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита хабар доданд, бештари маблағҳои ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгиркардаи аҳолӣ ва корхонаҳо кӯтоҳмуҳлат мебошанд. “Ин имкони ташкилотҳои қарзиро барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ маҳдуд мекунад”, – гуфтанд дар Бонки миллӣ. Зимнан таъкид гардид, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонкҳои Тоҷикистон аз пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ бо сабаби мавҷуд набудани захираҳои молиявии зарурӣ худдорӣ мекунанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин робита хабар доданд, бештари маблағҳои ҳамчун пасандоз дар ташкилотҳои қарзӣ ҷойгиркардаи аҳолӣ ва корхонаҳо кӯтоҳмуҳлат мебошанд.

“Ин имкони ташкилотҳои қарзиро барои пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ маҳдуд мекунад”, – гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Зимнан таъкид гардид, ки барои зиёд шудани ҳаҷми қарзҳои ипотекӣ дар низом, ҷалби маблағҳои дарозмуҳлат ва арзон зарур мебошад.

Бино ба маълумоти БМТ, аввали соли равон ҳаҷми умумии бақияи қарзҳо дар низоми бонкӣ қариб 8,8 млрд. сомониро ташкил додааст, ки аз он ба қарзҳои ипотекӣ ҳамагӣ наздики 210 млн. сомонӣ рост меояд.

Зикр шуд, ки барои соддатар кардани раванди татбиқи қонунгузорӣ ва афзоиши қарзҳои ипотекӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ипотека” таҳия ва ба Ҳукумати ҶТ пешниҳод шудааст.

Дар Бонки миллӣ таъкид доштанд, ки дар тағйирот такмили заминаи ҳуқуқӣ бобати амволи ба гарав гузошташуда пешбинӣ шудааст.

Тобистони ҳамин сол раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ояндаи наздик ворид кардани тағйирот ба қонун дар назар буда, зимнан гузаштани амволи гарав ба ихтиёри бонк бидуни баҳси судӣ пешбинӣ шудааст.

Ба қавли ӯ, пас аз қабули тағйирот, бонки мазкур ба пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ оғоз мекунад.

“Бисёре аз қарзгирандагон ба масъалаи баргардонидани он ҷиддӣ муносибат надоранд. Аз ин рӯ, бонкҳо ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд. Маҳз баргардонида нашудани қарзҳо боиси мушкилоти молӣ дар баъзе бонкҳо шуд”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки аз 17 бонки ҷумҳурӣ айни замон танҳо дар 2-тоаш ва боз дар 1 ташкилоти қарзии хурд: “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Спитамен Бонк” ва ТҚХ “Ҳумо” барои хариди манзил (ипотека) метавон қарз гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио