Замони барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон муайян шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 фармон ба имзо расонид. Дар фармони 30-юми сентябр имзошуда супориш дода мешавад, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шавад. Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ баҳри дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 фармон ба имзо расонид.

Дар фармони 30-юми сентябр имзошуда супориш дода мешавад, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида шавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудан ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил вазифадор шудааст.

Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шудааст, ки ба мақомоти давлатии омор дар гузаронидани маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Тоҷикистон бори охир соли 2010 доир гардид.

То тирамоҳи соли 2010 шумори аҳолии Тоҷикистон 7 млн. 565 ҳазор нафарро ташкил дода буд, ки нисбат ба соли 2000-ум 1 млн. 438 ҳазор нафар бештар аст.

Барои гузаронидани ин маърака он замон аз буҷети давлатӣ 27 млн. сомонӣ (беш аз 6,1 млн. доллар) маблағ ҷудо шуда, ба кори он зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷалб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид, дар саросари ҷаҳон ҳар як 10 сол маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад.

Аввали соли 2018 шумори аҳолии Тоҷикистон наздики 8 млн. 931 ҳазор нафарро ташкил дод. Моҳи май дар ҷумҳурӣ сокини 9-миллионум ба дунё омад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.