Нозияи Кароматулло ба ҳаракати мубориза бо бемории сил пайваст

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии кории аъзои иттиҳодияи Шарикии “Бемории силро дар Тоҷикистон бозмедорем” овозхони шинохта Нозияи Кароматулло ва ҳунарпеша Ҷамшед Ҳалимов изҳор доштанд, ки мубориза бо бемории силро дастгирӣ мекунанд. “Орзу дорам, ки назари мо ба беморри сил ва муолиҷаи он тағйир пазирад, – иброз дошт Нозия. – Хостори онам, ки доғгузории шахсони гирифтори ин беморӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии кории аъзои иттиҳодияи Шарикии “Бемории силро дар Тоҷикистон бозмедорем” овозхони шинохта Нозияи Кароматулло ва ҳунарпеша Ҷамшед Ҳалимов изҳор доштанд, ки мубориза бо бемории силро дастгирӣ мекунанд.

“Орзу дорам, ки назари мо ба беморри сил ва муолиҷаи он тағйир пазирад, – иброз дошт Нозия. – Хостори онам, ки доғгузории шахсони гирифтори ин беморӣ дар гузашта монад. Бигзор номуси асили тоҷикии мо омили барканорӣ аз он шавад”.

Ҳунарпеша Ҷамшед Ҳалимов дар навбати худ пешниҳод кард, ки бо иштироки шахсони эҷодкор дар ноҳия ва деҳаҳои дурдаст иқдомҳо гузаронида шаванд.

“Маҳз дар ҳамин ҷойҳо одамон бештар ба беморӣ мубтало шуда, саривақт кумак гирифта наметавонанд. Ғайр аз ин, сил бемориии табобатшаванда буда, бар асари он набояд худро аз шахс канор гирифт”, – афзуд ӯ.

Иштирокдорони ҷаласа – намояндагони Маркази мубориза бо бемории сил, Вазорати тандурустӣ, дигар муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, фаъолон – мушкилоти рӯзмарраи мубориза бо ин бемории сироятиро баррасӣ карданд.

Мушовири иттиҳодияи Шарикии “Бемории силро дар Тоҷикистон бозмедорем”  Маърифат Абдуллоева қайд кард, ки дар шароити камшавии маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастон барои мубориза бо бемории сил захираҳои нав дарёфтан зарур аст. Яке аз ин воситаҳо, ба гуфтаи ӯ, роҳандозии механизми фармоиши иҷтимоӣ аз ҷониби давлат мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандони дар вазъи душвори зиндагӣ қарордошта ба хизматгузориҳои иҷтимоӣ, беҳбуди дастрасӣ ва сифати ин хизматрасониҳо равона шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа рӯзноманигор ва фаъолзан Шаҳноза Комилзода гурӯҳи “Қаҳрамонони мо: Нест бод сил”-ро муаррифӣ кард, ки ба ҳайати он сароянда Шабнами Сурайё, ҳаҷвнигор Бахтиёр Раҳимов (Ғарибшо), шоир Хайрандеш, ситораҳои олами варзиш Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева ва дигарон шомиланд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.