Курдҳои Сурия бо ҳукумати Башор Асад созишнома бастанд

Нерӯҳои демократии Сурия – артиши мусаллаҳи курдӣ, ки шимолу шарқи Сурия зери назорат дорад – бо ҳукумати Башор Асад дар бораи мустақар сохтани неруҳои ҳукуматӣ дар бархе аз шаҳрҳо бо ҳадафи ҳимоят аз Туркия, созишнома баст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пештар аз ин артиши Сурия иттилоъ дода буд, ки фармони ҳаракат ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Нерӯҳои демократии Сурия – артиши мусаллаҳи курдӣ, ки шимолу шарқи Сурия зери назорат дорад – бо ҳукумати Башор Асад дар бораи мустақар сохтани неруҳои ҳукуматӣ дар бархе аз шаҳрҳо бо ҳадафи ҳимоят аз Туркия, созишнома баст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, пештар аз ин артиши Сурия иттилоъ дода буд, ки фармони ҳаракат ба шимоли кишварро гирифтааст, то бо "хушунати Туркия" мубориза барад.

Субҳи рӯзи душанбе артиши Асад шаҳри Тел-Тамерро ғасб кард, ки ин шаҳр дар самти ҳаракати артиши Туркия қарор дорад. Ҳамчунин хабар дода мешавад, назорати пойгоҳи ҳавоии Табка ба ихтиёри артиши Сурия гузаштааст. Ин пойгоҳ дар гузашта дар ихтиёри эътилофи низомии бо роҳбарии ИМА буд.

Бар асоси созишнома, артиши Асад бояд вориди шаҳрҳое шаванд, ки дар самти ҳаракати артиши Туркия қарор доранд ва ба ин тартиб, Туркияро ба чолиш кашанд – артиши Туркия ё бояд бо артиши ҳукуматии Сурия вориди набард шавад ва ё Сурияро тарк кунад. Пештар аз ин Туркия гуфт, ки бо артиши Сурия ҷангиданӣ нест.

Намояндагони курдҳои Сурия гуфтанд, созишнома бо Асад айни ҳол танҳо бахши низомиро дар бар мегирад. Масоили сиёсии сохтори ояндаи шимолу шарқи Сурия ҳанӯз муҳокима нашудааст. Ба гуфтаи намояндагони курдҳо, баъди он ки ИМА тасмими берун бурдани артишашро аз Сурия эълом кард, онҳо маҷбур шуданд, барои ҳимояти худ ба Димишқи расмӣ муроҷиат кунанд.

Вазорати мудофиаи Русия то кунун расман ҳаводиси ахирро дар Сурия шарҳ надодааст. Маълум нест, ки Русия ҳаракати артиши Сурияро ба шимоли он кишвар ҳимоят мекунад ё на.

Мақомоти Туркия ҳам вазъи охирро шарҳ надоданд. Пештар аз ин онҳо гуфта буданд, ки ҳадафи амалиёташон – барқарории минтақаи амни 30-километрӣ дар марзи Туркия бо Сурия аст. Туркия артиши мусаллаҳи курдҳоро террористӣ унвон мекунад.

Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, дар якҷоягӣ бо сенаторҳо дар садади таҳияи таҳримҳои сахт нисбати Туркия аст. Интизор меравад, дар фурсатҳои наздик Иттиҳоди Аврупо ҳам нисбати Туркия ба далели ҳамла ба шимолу шарқи Сурия таҳрим ҷорӣ кунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.