Суди олӣ “Паймони миллии Тоҷикистон”-ро эсктремистӣ эътироф кард

Ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон" (ПМТ), ки мухолифони тоҷикро дар муҳоҷират муттаҳид месозад, дар Тоҷикистон иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд. Бо ҳалномаи Суди олии ҶТ аз 15-уми августи соли 2019 аризаи Прокурори генералиии ҶТ дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон", манъи фаъолияти он дар ҷумҳурӣ, бастани сомонаҳои интернетӣ ва мамнӯъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту […]

Ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон" (ПМТ), ки мухолифони тоҷикро дар муҳоҷират муттаҳид месозад, дар Тоҷикистон иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд.

Бо ҳалномаи Суди олии ҶТ аз 15-уми августи соли 2019 аризаи Прокурори генералиии ҶТ дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти "Паймони миллии Тоҷикистон", манъи фаъолияти он дар ҷумҳурӣ, бастани сомонаҳои интернетӣ ва мамнӯъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди кишвар қонеъ карда шудааст.

Дар ин бора торнамои Суди олии ҶТ чунин иттилоъ медиҳад: “Сомонаҳои интернетие, ки ба ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ташкилоти террористӣ-экстремистии «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шуда, воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо, рӯзномаю адабиёт ва варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст”.

"Паймони миллии Тоҷикистон" соли гузашта дар шаҳри Варшава таъсис дода шуд. Ба паймон 4 гурӯҳи мухолифи фаъолияташон дар кишвар манъшуда – Ҳизби наҳзати исломӣ, “Конгресси озодандешони Тоҷикистон”, “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” ва “Конгресии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ” шомиланд.

Аз соли 2015 фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар қаламрави кишвар манъ гардида, худи ҳизб террористӣ эътироф шуд.

Тибқи маълумоти Суди олии ҶТ, "Паймони миллии Тоҷикистон" 18-умин ташкилот ё гурӯҳи фаъолияташ дар кишвар манъшуда мебошад.

То охири соли 2013 ба рӯйхати ташкилоту гурӯҳҳои фаъолияташон мамнӯъ "Ҳизб-ут-таҳрир", "Ал-Қоида", "Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон", "Толибон", "Ихвон-ул-муслимин", "Лашкари Тайиба", "Ҷамъияти исломии Покистон", "Ҷамъияти Таблиғот", "Тоҷикистони Озод", "Созмони Таблиғот" ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ” шомил буданд. Баъдан боз панҷ созмон – равияи мазҳабии "Салафия", "Гурӯҳи 24", "Давлати исломӣ", "Ҷабҳат ан-Нусра" ва "ҲНИ" ба ин рӯйхат илова шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.