Донишҷӯ барои кордзанӣ дастгир шуд

Дар маҳаллаи 103-и пойтахт муҳассили Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон як ҷавони 20-соларо бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст. Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур шоми 12-уми октябр, соати тахминан соатҳои 17:30 рух додааст. Донишҷӯйи ДАТ Ифтихор Толиҳов, соли таваллудаш 2000, зодаи шаҳри Ваҳдат бо Амирҷон Бобоев, соли таваллудаш […]

Дар маҳаллаи 103-и пойтахт муҳассили Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон як ҷавони 20-соларо бо корд захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса гурехтааст.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҳодисаи мазкур шоми 12-уми октябр, соати тахминан соатҳои 17:30 рух додааст. Донишҷӯйи ДАТ Ифтихор Толиҳов, соли таваллудаш 2000, зодаи шаҳри Ваҳдат бо Амирҷон Бобоев, соли таваллудаш 1999 ва Муҳаммадшариф Зокиров, соли таваллудаш 1998, ҳар ду зода ва истиқоматкунандагони ноҳияи Сино, кӯчаи А.Ғуломов ҳангоми дар роҳи пиёдагарди бинои №42-и кӯчаи Б.Ғафуров (маҳаллаи 103) қарор доштанашон байни ҳам муноқиша мекунанд.

Зимнан Ифтихор Талиҳов бо истифода аз корд ба қисмати чапи шиками Амирҷон Бобоев зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Бо ёрии атрофиён Амирҷон ба беморхонаи шаҳраки “Шифобахш” (Қарияи боло) интиқол ёфтаву бистарӣ шудааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ донишҷӯйи кордзан Ифтихор Толиҳов дастгир шудааст. Дар мақомоти милитсияи пойтахт сабабу омилҳои ин ҷинояти вазнин таҳқиқ мешавад.

Натиҷаҳои аввалини тафтишот муайян кардааст, ки шаҳрвандон Ифтихор Толиҳов, Амирҷон Бобоев ва Муҳаммадшариф Зокиров бо ин рафторашон тартибот ва оромии ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа ба таври дағалона вайрон кардаанд.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур нисбат ба Ифтихор Толиҳов бо моддаи 237 қисми 3 (Авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард), нисбат ба Амирҷон Бобоев ва Муҳаммадшариф Зокиров бо моддаи 237 қисми 2 (Авбошӣ дар ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.