Самбочии тоҷик қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон шуд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, гуштигири тоҷик Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 74 кило қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар қувваозмоии финалӣ ӯ самбочии Русия Егор Сухопаровро мағлуб кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин чемпионат 370 варзишгар аз […]

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо миёни наврасону ҷавонон, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар шаҳри Тошканд доир гардид, гуштигири тоҷик Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 74 кило қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар қувваозмоии финалӣ ӯ самбочии Русия Егор Сухопаровро мағлуб кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар ин чемпионат 370 варзишгар аз 28 кишвар: Арманистон, Белорус, Булғористон, Венесуэла, Гурҷистон, Индонезия, Испания, Колумбия, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Марокаш, Мексика, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина, Фаронса, Филиппин, Ҷумҳурии Доминикан ва Юнон ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 16 нафар – 9 наврас ва 7 ҷавон – бо роҳбарии мураббӣ Садриддин Обидов дар ин мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 6 нишон – 1 медали тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ даст ёфтанд.

Миёни ҷавонон ҳамчунин Аминҷон Холов дар вазни то 48 кг ва Сомон Сангов то 52 кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд. Медалҳои биринҷиро варзишгарони тоҷик миёни наврасон ба даст оварданд: Бузургмеҳр Исоев дар вазни то 60 кг, Субҳиддин Халилзода дар вазни то 70 кг ва Муҳаммадҷон Одинаев дар вазни то 87 кг.

“Иштирок дар чемпионате, ки дар он самбочиёни пурқуввати ҷаҳон ширкат меварзанд, хушбахтии бузург аст, – овардааст гуфтаҳои қаҳрамони ҷавонро аз Тоҷикистон сомонаи расмии мусобиқа. – Шарафи кишвари худро ҳимоя карда, умедворам, ки минбаъд дар мусобиқаҳо байни калонсолон низ ба чунин нишондиҳандаҳо ноил шавам”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.