Гирифтани 1650 сомонӣ пора барои ивази ному насаб

Дар ноҳияи Фархор аснои ришваситонӣ корманди бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боздошт шудааст. Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, рӯзи 20-уми сентябр шаҳрванд “А” ба ин мақомот бо ариза муроҷиат кардааст, ки мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Зайниддинзода Хуршед Зайниддин барои иваз намудани ному насаб аз […]

Дар ноҳияи Фархор аснои ришваситонӣ корманди бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, рӯзи 20-уми сентябр шаҳрванд “А” ба ин мақомот бо ариза муроҷиат кардааст, ки мутахассис-коргузори бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Зайниддинзода Хуршед Зайниддин барои иваз намудани ному насаб аз ӯ 1650 сомонӣ талаб дорад.

Худи ҳамон рӯз нисбат ба Хуршед Зайниддинзода бо моддаи 324 қисми 1 КҶ ҶТ (Гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷўӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ номбурда баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 1650 сомонӣ боздошт гардида, аз ӯ далели шайъӣ – маблағи мазкур гирифта шудааст.

Тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.