КДАМ: Эҳтимоли рахнаи марзи Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби тахрибкорон

Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки хатари амнияти сарҳади давлатӣ аз ҷониби Афғонистон тақвият меёбад. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 16-уми октябр "Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои мутахассисони мақомоти сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳади берунаи давлатҳои иштирокчии ИДМ"-ро тасдиқ кард. Зимни шарҳи санад ба вакилон муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки хатари амнияти сарҳади давлатӣ аз ҷониби Афғонистон тақвият меёбад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 16-уми октябр "Созишнома оид ба ташаккул ва истифодаи гурӯҳҳои мутахассисони мақомоти сарҳадӣ барои вокуниши фаврӣ ба таҳдиди амнияти сарҳадӣ дар сарҳади берунаи давлатҳои иштирокчии ИДМ"-ро тасдиқ кард.

Зимни шарҳи санад ба вакилон муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Абдусаттор Шоҳиён қайд кард, ки таҳдидҳо ба ҳифзи сарҳад рӯз то рӯз пурзӯр мешавад.

Бба гуфтаи ӯ, таҳлил ва баҳогузории вазъ нишон медиҳад, ки эҳтимоли рахнаи марз аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноӣ, террористиву ифротгаро ва қочоқчиёни силоҳбадаст, инчунин задухӯрди мунтазами мусаллаҳонаи сарҳадбонон бо ин гурӯҳҳо ҷой дорад.

Вай афзуд, ки дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳона байни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои ҳукумати Афғонистон дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, хати тӯлонии сарҳад бо Тоҷикистон ҳифз карда намешавад.

Аз рӯйи маълумоти дарёфтӣ, гуфт Шоҳиён, гурӯҳҳои террористӣ ба омӯзиши дараҷаи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ ба якдигар ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир тавассути сарҳади давлатӣ кумак мерасонанд.

Зикр шуд, ки гурӯҳҳои ҷинояткори байнулмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз қувваю воситаҳои муосир самаранок истифода мекунанд. Ӯ зарурати роҳандозии талошҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ-ро барои пешгирии саривақти  фаъолияти тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳо ва таъмини амнияти минтақа таъкид кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.