Вазири корҳои хориҷии Чин аз лимуи Тоҷикистон ёдовар шуд

Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 27-уми октябр аз гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи “Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад” дар шаҳри Пекин таъсис дода шуда буд, боздид кард. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ҳангоми гуфтугӯ бо сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, […]

Asia-Plus

Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И рӯзи 27-уми октябр аз гӯшаи Тоҷикистон, ки бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар чорабинии навбатии анъанавии башардӯстона бо номи “Муҳаббат сарҳадҳоро намешиносад” дар шаҳри Пекин таъсис дода шуда буд, боздид кард.

Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И ҳангоми гуфтугӯ бо сафири Тоҷикистон Парвиз Давлатзода аз меваҷоти шаҳдбори Тоҷикистон, бахусус, лиму ёдовар шуд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, дар гӯшаи Тоҷикистон китобҳо дар бораи фаъолияти пурсамари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, таърих ва фарҳанги тоҷикон, хӯроку шириниҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, зардӯзию либосҳои миллӣ ва маводи сайёҳӣ ҷиҳати муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва табиати беназири мамлакат гузошта шудаанд.

Зикр мешавад, ки маблағҳои дар рафти намоишгоҳ ҷамъоваришуда аз сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байнулмилалӣ, ширкатҳои чинӣ ва хориҷӣ ба оилаҳои камбизоат ва ободонии музофотҳои Чин равона хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.