Додрас барои ҳалли парванда $4000 талаб кардааст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ судяи Суди ноҳияи Синои пойтахтро аснои порагирӣ боздошт кардааст. Тибқи иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, рӯзи 17-уми октябр шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ муроҷиат кардааст, ки нисбат ба судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ чораҳои қонунӣ […]

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ судяи Суди ноҳияи Синои пойтахтро аснои порагирӣ боздошт кардааст.

Тибқи иттилои маркази матбуотии ин ниҳод, рӯзи 17-уми октябр шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ муроҷиат кардааст, ки нисбат ба судяи Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Раҳмонализода Рухшона Раҳмоналӣ чораҳои қонунӣ андешида шавад. Номбурда барои ба манфиати ӯ ҳалли баҳси гражданӣ аз рӯйи даъвои шаҳрванд “Б” вобаста ба манзили истиқоматӣ 13-уми марти соли ҷорӣ 2000 доллари ИМА талаб карда гирифта, айни замон боз ҳамин қадар маблағи дигар талаб кардааст.

Дар ҳамин асос худи ҳамон рӯз нисбат ба Рухшона Раҳмонализода бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (Қаллобӣ ба миқдори калон)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ судя баъд аз гирифтани маблағи 2000 доллари ИМА аз шаҳрванд “А” дар ҷойи ҳодиса дастгир ва маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Айни замон тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.