Муовини раиси вилояти Хатлон аз вазифа озод шуд

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо “сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифааш озод карда шуд. Фармон дар бораи сабукдӯшии Хидирзода аз мансаб рӯзи 25-уми октябр ба имзо расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, Махфират Хидирзода ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо “сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифааш озод карда шуд.

Фармон дар бораи сабукдӯшии Хидирзода аз мансаб рӯзи 25-уми октябр ба имзо расидааст. Дар ин бора як манбаъ аз дастгоҳи раиси вилоят хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Махфират Хидирзода ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба кор гузаштааст, аммо кадом мансабро дар он ишғол карданаш алҳол маълум нест.

Махфират Хидирзода соли 2016 ба вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд. Ӯ ба сохтори идеологӣ масъул буд. Пеш аз ин ба ҳайси раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ ифои вазифа мекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...