Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар афзудааст

Дар 9 моҳи соли равон беш аз 411 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри дарёфти кор қаламрави кишварро тарк кардаанд. Шумори шаҳрвандони муҳоҷиратро дар ин давраи соли равон ихтиёркарда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26% афзудааст. Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди аз муҳоҷират ба Тоҷикистон баргаштагон наздики 280 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар […]

Дар 9 моҳи соли равон беш аз 411 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри дарёфти кор қаламрави кишварро тарк кардаанд.

Шумори шаҳрвандони муҳоҷиратро дар ин давраи соли равон ихтиёркарда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26% афзудааст.

Давоми 9 моҳи соли ҷорӣ теъдоди аз муҳоҷират ба Тоҷикистон баргаштагон наздики 280 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 10% зиёд аст.

“Болоравии сатҳи муҳоҷирати корӣ тӯли моҳҳои январ-сентябр дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба каме беҳтар шудани шароити кор барои муҳоҷирон (ворид шудани тағйирот ба созишнома дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ) ва ҳамчунин афзоиши рушди иқтисоди Русия вобаста аст”, – гуфта мешавад дар гузориши Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон”.

Афзоиши босуръати ба муҳоҷират рафтан, мувофиқи диаграммаи Вазорати рушди иқтисод, моҳи апрели соли равон ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин моҳ ҳудуди 90 ҳазор шаҳрвандон баҳри дарёфти кор Тоҷикистонро тарк кардаанд.

Сарфи назар аз мушоҳидаи афзоиши шумори муҳоҷирони корӣ, ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби онҳо ба ватан соли равон кам шуд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, тӯли 6 моҳи соли равон шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1 млрд. 111 млн. доллар (дар ҳамин давраи соли гузашта – 1 млрд. 159 млн. доллар) пул фиристодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 – 4,2% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аксаран кор дар қаламрави Русияро афзалтар медонанд.

Тибқи маълумоти ниҳоди муҳоҷирати Русия, айни замон беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кишвар кору зиндагӣ мекунанд.

Дар қаламрави Русия муҳоҷирни тоҷик бештар корҳои музди меҳнаташон пастро ба уҳда мегиранд.

Интиқоли пул аз ҷониби онҳо маъмулан як маротиба дар як моҳ баъд аз гирифтани музди меҳнат сурат мепазирад.

Маблағи миёнаи як интиқол мувофиқи маълумоти Бонки марказии Русия, дар нимсолаи аввал 145 долларро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки маблағи миёнаи як интиқол ба Ӯзбекистон ба 350, Арманистон – 305,  Озарбойҷон – 295 ва Қирғизистон – 200 доллар баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.