АНОНС
– Дар Душанбе ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он як қатор лоиҳаҳои тағйирот ба қонунҳо баррасӣ мешаванд;
– Дар доираи Фестивали кинои фаронсавӣ дар толори “Тоҷикфилм” (кӯч. Беҳзод, 25) филми тасвирии «Король и Птица» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17:30. Даромадан ба тамошои филм бепул аст. Бо ҷадвали намоиши дигар филмҳо дар доири ҷашнвора бо ин нишонӣ шинос шуда метавонед.
– Дар Будапешт (Венгрия) имрӯз Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ, аз ҷумла гуштии тарзи озод, юномниву румӣ ва гуштигирӣ байни занон шурӯъ мешавад. Синни иштирокчиён то 23-сола мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон низ ҳузур дорад;
– Дар Руминия Чемпионати ҷаҳон оид ба армрестлинг ҷараён дорад, ки барои дарёфти пурқувваттарин дар ҷаҳон варзишгарони тоҷик низ рақобат мекунанд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6967 сомонӣ;
1 евро – 10.7604 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1517 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2000 – Дар Тоҷикистон асъори нави миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.
2013 — Дар Маскав Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома аз 16 октябри соли 2004 дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ, муҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия то се сол дароз карда шуд.
2013 — Тоҷикистону Афғонистон ва Русия Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни хадамоти марзбонии кишварҳоро ба имзо расониданд
1926 – 2012 — Зодрӯзи олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.
1946 – Мавлуди муовини раиси Иттифоқи байнулмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳуқуқшиносони «Иттифоқи байнулмилалии ҳуқуқшиносон» Файзулло Абдуллоев.
Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 30 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


