Бонувони Бадахшон ҳунари аҷдодиро эҳё мекунанд

Дар шаҳри Хоруғ бонувони синну соли гуногун маҳорати доиразаниро фаро мегиранд. Холбӣ Аминбекова дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Мушкилкушо” як давраи омӯзиши доиразанӣ кушодааст, ки дар он модарону ҷавондухтарони маҳаллӣ нозукиҳои ин ҳунарро аз худ мекунанд. Ин хонуми куҳансол дафзаниро ҳанӯз дар ҳафтсолагӣ аз пайвандонаш омӯхтааст ва ҳоло мехоҳад онро ба ҷавонзанон омӯзад. Ӯ беш […]

Мурод Мирзоев, махсус барои “Азия-Плюс”

Дар шаҳри Хоруғ бонувони синну соли гуногун маҳорати доиразаниро фаро мегиранд.

Холбӣ Аминбекова дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Мушкилкушо” як давраи омӯзиши доиразанӣ кушодааст, ки дар он модарону ҷавондухтарони маҳаллӣ нозукиҳои ин ҳунарро аз худ мекунанд.

Ин хонуми куҳансол дафзаниро ҳанӯз дар ҳафтсолагӣ аз пайвандонаш омӯхтааст ва ҳоло мехоҳад онро ба ҷавонзанон омӯзад.

Ӯ беш аз 31 сол дар сохторҳои гуногуни ВМКБ фаъолият кардааст ва дар баробари ин, яке аз доиранавозони маъруфи вилоят ба ҳисоб меравад.

“Доиразании аҷдодии мо асосан се вазн (ритм) дорад: намуди якум – “гарденак”, дуюм – вазни “дуҳул” ва сеюм – “зибодаф”. Ҳар яке аз онҳо хусусияти худро доранд. Дар баъзе мавзеъҳои вилоят доиразании аҷдодиро шуғнонӣ ҳам меноманд. Вобаста ба таъриху пайдоиши худи асбоби доира ривоятҳои гуногун мавҷуданд”, – мегӯяд Холбӣ Аминбекова.

Яке аз шогирдони ӯ – ҳамшираи шафқати беморхонаи вилоятӣ Шоҳбегим Аёмбекова мегӯяд, ки доиразанӣ ҳам мисли ҳунарҳои дигар пайваста ба тамрину такмил ниёз дорад. Агар баъд аз омӯзиши пурра давоми як моҳ онро таҷриба накунӣ, малака аз даст меравад.

“Пас аз дарси доиразанӣ иловатан дар хона бо духтару наберагонам машқ мекунем. Ба мушоҳида мерасад, ки пайвандонам ба ин ҳунар рағбати зиёд доранду ба туфайли он худро хушбахт эҳсос мекунем”, – гуфт Шоҳбегим.

Наврӯзхотун Алибекова яке аз фаъолзанони Хоруғ буда, аз рӯзи аввали омӯзиши доиразанӣ назокатҳои онро аз худ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳунари мазкур нафақат дар тӯю мотам ва пешвози шахсони воломақом истифода мешавад, балки он нерӯи ғайриодие дорад, ки ғаму андуҳро аз инсон дур мекунад.

Сарвиноз Занҷирбекова қариб 40 сол дар соҳаи бонкдорӣ фаъолият карда, ҳоло ба нафақа баромаадааст.

“Ҳунарҳои бофандагию ресандагӣ ҳам дорам, лекин ҳамеша орзуям он буд, ки рӯзе нозукиҳои доиразании аҷдодиро аз худ кунам ва хушбахтона, ба мақсадам расидам. Чунин давраҳои омӯзишӣ мисли обу ҳаво зарур буда, ба рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мусоидат мекунанд. Мехоҳам, ки ҷавондухтарону модарон дастрасӣ ба он дошта бошанд, зеро доиразанони воқеӣ дар вилоят кам шудаанд”, – мегӯяд ӯ.

Саврибону Нуралиева, яке аз бонувони ташаббускори шаҳр изҳори таассуф мекунад, ки баъзе ашхос ба доиразании аҷдодӣ нигоҳи сатҳӣ доранд ва то ҳол ба қадри ин ҳунар нарасидаанд.

“Мо ҳафтае чанд бор аз саҳар то нисфирӯзӣ дар 3 гурӯҳи зиёда аз шашнафарӣ ба омӯзиши он машғулем. Сабру таҳаммули устодамон Холбӣ Аминбекова аст, ки ҳоло комилан аз ин ҳунар бархурдорем ва дар баргузории ҷашну маъракаҳои гуногун фаъолона ширкат варзида, доиразании аҷдодиро миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа таблиғ мекунем”, – иброз дошт Нуралиева.

Мавод дар доираи барномаи «Рӯзноманигорони мардумӣ» омода шудааст, ки бо дастгирии Internews дар доираи Барномаи расонаҳои Осиёи Миёна – CAMP амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.