Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он як қатор лоиҳаҳои тағйирот ба қонунҳо баррасӣ мешаванд; – Дар доираи Фестивали кинои фаронсавӣ дар толори “Тоҷикфилм” (кӯч. Беҳзод, 25) филми тасвирии «Король и Птица» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17:30. Даромадан ба тамошои филм бепул аст. Бо ҷадвали намоиши […]

АНОНС

– Дар Душанбе ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он як қатор лоиҳаҳои тағйирот ба қонунҳо баррасӣ мешаванд;

– Дар доираи Фестивали кинои фаронсавӣ дар толори “Тоҷикфилм” (кӯч. Беҳзод, 25) филми тасвирии «Король и Птица» намоиш дода мешавад. Оғоз соати 17:30. Даромадан ба тамошои филм бепул аст. Бо ҷадвали намоиши дигар филмҳо дар доири ҷашнвора бо ин нишонӣ шинос шуда метавонед.

– Дар Будапешт (Венгрия) имрӯз Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ, аз ҷумла гуштии тарзи озод, юномниву румӣ ва гуштигирӣ байни занон шурӯъ мешавад. Синни иштирокчиён то 23-сола мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон низ ҳузур дорад;

– Дар Руминия Чемпионати ҷаҳон оид ба армрестлинг ҷараён дорад, ки барои дарёфти пурқувваттарин дар ҷаҳон варзишгарони тоҷик низ рақобат мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6967 сомонӣ;

1 евро – 10.7604 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1517 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

2000 – Дар Тоҷикистон асъори нави миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд.

2013 — Дар Маскав Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома аз 16 октябри соли 2004 дар бораи фаъолияти корӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ҳамин тариқ, муҳлати будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия то се сол дароз карда шуд.

2013 — Тоҷикистону Афғонистон ва Русия Протокол дар бораи ҳамкорӣ миёни хадамоти марзбонии кишварҳоро ба имзо расониданд

1926 – 2012 — Зодрӯзи олими забоншинос, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ.

1946 – Мавлуди муовини раиси Иттифоқи байнулмилалии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҳуқуқшиносони «Иттифоқи байнулмилалии ҳуқуқшиносон» Файзулло Абдуллоев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 30 октябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.