Дар 9 моҳ Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ба маблағи қариб $10 млн. гази табиӣ харид

Давоми нуҳ моҳи соли равон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 77,1 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд. Дар ин бора дар гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” маълумот дода мешавад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, маблағи умумии гази табии дар ин давра аз […]

Давоми нуҳ моҳи соли равон аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон беш аз 77,1 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд. Дар ин бора дар гузориши ҳармоҳаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ “Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон” маълумот дода мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, маблағи умумии гази табии дар ин давра аз Ӯзбекистон интиқолёфта ҳудуди 9,8 млн. долларро ташкил медиҳад.

Истеъмолгари асосии гази воридотӣ дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) мебошад.

Ҳамчунин аз гази Ӯзбекистон баъзе корхонаҳои начандон бузурги канори ҷодаи марказӣ дар ғарби Душанбе – Ҳисору Турсунзода низ истифода мекунанд.

Дар назар аст, ки пас аз давра ба давра барқарор сохтани зербинои зарурӣ, истеъмолгарони маишӣ низ ба лӯлаи газ пайваст мешаванд.

Интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли гузашта дубора аз сар гирифта шуд. То охири соли 2018 Тоҷикистон аз ҳамсоякишвар дар ҳаҷми 54 млн. метри мукааб гази табиӣ гирифт.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.