Бозии Тоҷикистону Испанияро Иван Бартон аз Салвадор доварӣ мекунад

Бозии даври дуюм байни мунтахабҳои футболи наврасони Тоҷикистон ва Испанияро дар гурӯҳи “Е”-и Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия довари 28-солаи ФИФА Иван Бартон аз Салвадор ҳакамӣ мекунад. Дар ин мусобиқа Бартон дар даври аввал сардовари бозии байни дастаҳои Фаронса – Чили (2:0) буд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Давид Моран Сантос (Сальвадор) ва Зачари Зигелаар […]

Asia-Plus

Бозии даври дуюм байни мунтахабҳои футболи наврасони Тоҷикистон ва Испанияро дар гурӯҳи “Е”-и Чемпионати ҷаҳон дар Бразилия довари 28-солаи ФИФА Иван Бартон аз Салвадор ҳакамӣ мекунад.

Дар ин мусобиқа Бартон дар даври аввал сардовари бозии байни дастаҳои Фаронса – Чили (2:0) буд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Давид Моран Сантос (Сальвадор) ва Зачари Зигелаар (Суринам) ёварони сардовар, Иво Мендез (Боливия) довари эҳтиётӣ, Николас Галло (Колумбия) ва Пиеро Маза (Чили) доварони пахши видеоӣ таъин шудаанд.

Вохӯрии даври дуюми Чемпионати ҷаҳон байни мунтахабҳои наврасони Тоҷикистон ва Испания имрӯз, 31-уми октябр дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасикаи Бразилия доир мегардад. Бозӣ соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ, соати 01:00-и 1-уми ноябр ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.