“Шикор”-и ронандагони бе роҳхат дар Тоҷикистон

Намояндагони ширкатҳо бо чунин суолҳо ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат карданд: Дар кадом асос кормандони нозироти нақлиёт аз ронандагоне, ки роҳхат надоранд, ҷарима талаб мекунанд? Чаро ин варақаҳо баногоҳ барои ҳама ҳатмӣ шуда, Вазорати нақлиёт онҳоро бо пул мефурӯшад? Дар Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки ҳанӯз соли 2013 Дастури таҳия, баҳисобгирӣ, пуркунӣ ва коркарди роҳхатҳо, […]

Намояндагони ширкатҳо бо чунин суолҳо ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат карданд: Дар кадом асос кормандони нозироти нақлиёт аз ронандагоне, ки роҳхат надоранд, ҷарима талаб мекунанд? Чаро ин варақаҳо баногоҳ барои ҳама ҳатмӣ шуда, Вазорати нақлиёт онҳоро бо пул мефурӯшад?

Дар Вазорати нақлиёт ба “Азия-Плюс” шарҳ доданд, ки ҳанӯз соли 2013 Дастури таҳия, баҳисобгирӣ, пуркунӣ ва коркарди роҳхатҳо, борхатҳои молӣ-нақлиётӣ (барои автомашинаҳои боркаш) тасдиқ шуда буд.

Зикр гардид, ки санади мазкур барои иҷрои супориши ҳукумат дар бораи роҳандозии низоми ягонаи нишондиҳандаи омории фаъолияти нақлиёт таҳия ва тасдиқ шудааст.

– Низоми мазкур барои баҳисобгирӣ ва назорати кори нақлиёту ронанда зарур аст. Мақомоти давлатӣ – Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” ва Агентии омор дар бораи ҳамлу нақли бору мусофирон, иҷрои кору хизматрасониҳо, пешрафти кори нақлиёт, хароҷоти сӯзишворӣ маълумоти оморӣ мегиранд, – гуфт муовини директори МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти ҶТ Султонмурод Аҳмадов.

Мувофиқи Дастур, мавҷуд будани роҳхат ва борхат барои ҳамаи муассиса ва ташкилоту корхонаҳо, ки дар тавозуни худ нақлиёти автомобилӣ доранд ё автомобили иҷорагирифтаро истифода мекунанд, ҳатмист.

Ба истилоҳи дигар, қайд мекунад Аҳмедов, тамоми шахсони ҳуқуқӣ, ки ба кашонидани бору мусофирон, ҳамчунин дигар кору хизматрасониҳо бо истифода аз нақиёти автомобилӣ машғуланд, бояд роҳхат ё борхат дошта бошанд.

Аз рӯйи қонунгузорӣ, шахсони воқеӣ ба пешниҳоди чунин хизматрасониҳо дар ҷумҳурӣ ҳуқуқ надоранд. Ба гунаи мисол, барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати машғул шудан ба мусофиркашонӣ, шахсони воқеӣ бояд узви ин ё он корхона бошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.