КДАМ ҶТ: аъзои «Давлати исломӣ» ба дидбонгоҳ дар Тоҷикистон ҳуҷум карданд

Шахсоне, ки шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ маълумот додааст. Дар иттилооти нашркардаи АМИТ «Ховар» гуфта мешавад, шаби 6-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 […]

Asia-Plus

Шахсоне, ки шаби 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи сарҳадӣ дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳуҷуми мусаллаҳона карданд, ҳама узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ маълумот додааст.

Дар иттилооти нашркардаи АМИТ «Ховар» гуфта мешавад, шаби 6-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони ниқобдор бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда, 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.

«Дар ҷараёни ҳаракатҳои тафтишотӣ ва пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки онҳо узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд ва бо супориши махсус 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқобод»-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд», – иттилоъ додааст маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии ҶТ теъдоди боздоштшудаҳоро 4 нафар баршумурдааст. Тибқи маълумоти ин мақомот, дар натиҷаи думболагирӣ ва амалиёт 15 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд. Айни замон дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, амалиёт ҷиҳати муайян намудани алоқаҳои гурӯҳи ҷинояткор идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.