Роҳандозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Барбадос

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштараки барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барбадос баргузор гардид. Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, Баёнияи муштаракро дар ин хусус Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Барбадос дар СММ Элизабет Томсон имзо карданд. Барбадос кишварест дар Вест-Ҳиндустон, ҷазираи ҳамном дар […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштараки барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барбадос баргузор гардид.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, Баёнияи муштаракро дар ин хусус Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Барбадос дар СММ Элизабет Томсон имзо карданд.

Барбадос кишварест дар Вест-Ҳиндустон, ҷазираи ҳамном дар гурӯҳи Ҷазираҳои Антил воқеъ дар шарқи баҳри Кариб. Он дар наздикии қитъаи Амрикои Ҷанубӣ 434,5 километрии шимолу шарқи Венесуэла ҷойгир шудааст.

Кишварҳои наздиктарин ба Барбадос Сент-Люсия ва Сент-Винсент ва Гренадина. Масоҳати ҷазира 431 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, ба аввали моҳи августи соли равон Душанбе бо 173 кишвари саросари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ роҳандозӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.