Дӯстӣ: Боздошти сардори ШБДА ва муовин бо гумони гирифтани пора

Сардор ва муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо гумони гирифтани пора аз як ронанда ба даст афтодаанд. Як манбаъ аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт: “Ин ду нафар аз ҷониби кормандони Агентӣ барои талаб […]

Шамсулло Фозилов, “Фараж”

Сардор ва муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо гумони гирифтани пора аз як ронанда ба даст афтодаанд.

Як манбаъ аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон дар суҳбат ба “Фараж” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт: “Ин ду нафар аз ҷониби кормандони Агентӣ барои талаб ва гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора аз як ронандаи маст дастгир карда шудаанд”.

Номбурда бо сабаби дар тафтишот қарор доштани қазияи мазкур ва шарти эҳтимолияти бегуноҳӣ аз ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ кард ва танҳо гуфт, нисбат ба бозрасҳо бо моддаи 319 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.

Сардори собиқи ШБДА дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Самадзода Ҷонмаҳмад, ки барои гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ба сифати пора гумонбар дониста мешавад, феълан аз вазифа барканор ва бо шарти берун нарафтан аз макони зист дар озодӣ аст. Ӯ дар як суҳбати телефонӣ иттиҳомоти мазкурро нисбаташ туҳмат хонд ва гуфт, мушкил дар асоси баёноти ду нафари барояш ношинос эҷод шудааст.

– Ҳодиса рӯзи 11-уми октябр рух дод. Ман нафари бар зиддам баёнотдодаро намешиносам. Ҳамааш туҳмат аст. Ман аз касе пул талаб накардаам. Ин корро кадом як милисаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кардаасту гӯё маблағро ба ман дода бошад, – гуфт дар як тамоси кутоҳи телефонӣ собиқ сардори ШБДА Ҷ. Самадзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.