Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!
АНОНС
– Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» дар мавзӯи “Сармоягузориҳои хориҷӣ ба бахши молияи Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо” ҳамоиши сармоягузорӣ доир мегардад. Оғоз соати 09:00;
– Барои дӯстдорони мусиқии солҳои 80 ва 90-ум дар Soho Bar-и меҳмонхонаи Hilton Dushanbe чорабинии Danceshanbe баргузор мешавад. Чорабинӣ дар шарикӣ бо ЮНИСЕФ ва DJ Tenderoni барпо мегардад. Оғоз соати 20:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6969 сомонӣ;
1 евро – 10.6608 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1507 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
1934 – Дар Душанбе корхонаи таъмири автомобилҳо ба истифода дода шуд.
1946 – Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон матн ва мусиқии гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон (шеъри А.Лоҳутӣ, оҳанги С.Юдаков)-ро тасдиқ намуд. Бори нахуст гимн тавассути радиои ҷумҳурӣ шунавонида шуд.
1972 — Агрегати аввали нерӯгоҳи барқи обии «Норак» мавриди истифода қарор гирифт.
2006 — Дар Душанбе маросими ба фаъолият оғоз намудани Фонди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
1939 – Зодрӯзи овозхон Гулрафтор Шаҳобова.
1943 – Мавлуди рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо.
1947 – Зодрӯзи нависанда Барот Абдураҳмон.
1948 – Зодрӯзи хормейстер, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов.
1953 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Тӯраева.
1954 – Зодрӯзи актёри театр Фирӯз Умаров.
1958 – Мавлуди муовини аввали раиси ҲХДТ, сиёсатшинос Саидмурод Фаттоев.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Ҳавои тайирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6° гарм, рӯзона 7+2° гарм мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти суст (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+4°, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14° хунук, рӯзона 0+5° гарм мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2, рӯзона 10+15° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тайирёбандаи бебориш, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад.
Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст шабона барфи тар борида, рӯзона борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


