Мунтахаби футболи Тоҷикистон бозиро ба тими Мянма бохт

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:4 аз тими мунтахаби Мянма шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федереатсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ дар дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нафар мухлисон доир гардид. Аз тими Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ду тӯб ва […]

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» дар меҳмонӣ бо ҳисоби 3:4 аз тими мунтахаби Мянма шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федереатсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ дар дар варзишгоҳи «Mandalar Thiri Stadium» бо ҳузури беш аз 7 ҳазор нафар мухлисон доир гардид. Аз тими Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ду тӯб ва Фарҳод Восеив як гол ба самар расониданд.

Бозии дигар дар ин гурӯҳ байни дастаҳои Қирғизистон ва Ҷопон дар Бишкек баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими Ҷопон анҷом пазируфт.

Ҳамин тариқ, баъд аз панҷ давр дар гурӯҳи «F» дастаи Ҷопон бо касби ҳамаи холҳои имконпазир – 12 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. Тимҳои Қирғизистону Тоҷикистон бо 6-имтиёзӣ зинаҳои дуюму сеюмро ишғол мекунанд. Дастаҳои Муғулистон ва Мянма се холӣ ба даст оварда, дар зинаҳои баъдӣ ҷойгир шудаанд.

Дар даври шашуми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022  мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими Қирғизистон бозӣ мекунад. Вохӯрӣ 19-уми ноябр дар Бишкек соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (19:00 – ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.