Ғолиби озмуни “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 50 ҳазор сомонӣ гирифт

Сокини шаҳри Душанбе Зафар Раҳимӣ шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро бо мукофоти пулии 50000 сомонӣ ба даст овард. Ӯ дар “Номинатсияи оҳангсоз” бо иштирокчиёни дигар вориди рақобат шуда буд. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, озмуни мазкур аз рӯйи 9 номинатсия ҷараён гирифт.  Маросими ҷамъбасти он рӯзи 16-уми ноябр дар толори Театри давлатии академии […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сокини шаҳри Душанбе Зафар Раҳимӣ шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро бо мукофоти пулии 50000 сомонӣ ба даст овард.

Ӯ дар “Номинатсияи оҳангсоз” бо иштирокчиёни дигар вориди рақобат шуда буд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги ҶТ, озмуни мазкур аз рӯйи 9 номинатсия ҷараён гирифт. 

Маросими ҷамъбасти он рӯзи 16-уми ноябр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Дар фарҷоми ин маросим галаконсерт бо иштироки ғолибони озмун дар сатҳи баланди ҳунарӣ доир шуда, аҳли толорро мафтуни истеъдоди иштирокчиёни озмун гардонид.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.