Қарзи берунаи Тоҷикистон андак коҳиш ёфт

Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли равон 34 млн. доллар кам шуд. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 2 млрд. 890 млн. долларро ташкил дод. Аввали сол ин рақам 2 млрд. 924 млн. долларро ташкил дода, ба 38,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд. Дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи берунаи Тоҷикистон давоми нуҳ моҳи соли равон 34 млн. доллар кам шуд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия, ба ҳолати 1-уми октябри соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ 2 млрд. 890 млн. долларро ташкил дод. Аввали сол ин рақам 2 млрд. 924 млн. долларро ташкил дода, ба 38,9%-и ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар буд.

Дар сохтори қарзи хориҷии кишвар ба аввали семоҳаи охири соли ҷорӣ 95% (2 млрд. 748 млн. доллараш)-ро қарзи бевоситаи давлатӣ ташкил медиҳад, ки барои иҷрои хизматрасониҳои ҳукумат ҷалб шудааст.

Тобистони соли ҷорӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки “дар соли минбаъдаи молиявӣ (солҳои 2019-2020) мо бештар ба ҷалби грантҳо манфиатдорем, то ки ҳаҷми қарзҳо зиёд нашавад”.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлат 63,8 млн. доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Боқимонда 46,1 млн. доллар дар ҳаҷми умумӣ қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор (39,1 млн. доллар), Чин (4 млн. доллар) ва Бонки осиёии рушд (3 млн. доллар) мебошад.

Аз ҷумла, Тоҷикистон ба Эксимбонки Чин (беш аз 2,1 млн. доллар), Бонки ҷаҳонӣ (310 млн. доллар), Бонки осиёии рушд (270 млн. доллар), Бонки исломии рушд (129 млн. доллар) ва дигар қарздиҳандагони дуҷониба ва бисёрҷониба қарздор аст.

Ҳамчунин ҳиссаи назаррас дар ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар ба қоғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) рост меояд, ки ба маблағи 500 млн. доллар дар бозорҳои байнулмилалӣ фурӯхта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.