Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ тӯли нӯҳ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ ба андозаи 9,2% боло рафтанд.
Тавре Агентии омори назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, арзиши маҳсулоти хӯроквории зерин бештар гарон шудааст:
– гӯшт – 21,1%;
– маҳсулоти нонӣ – 17,2%;
– сабзавот – 11,3%;
– шир ва маҳсулоти ширӣ – 3,5%.
Арзиши маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ дар ин давра 3,1% боло рафтааст. Нархи чунин маҳсулот нисбатан зиёдтар афзоиш ёфтааст:
– маводи дорусозӣ – 12,3%;
– дастгоҳу таҷҳизоти маишӣ – 6,9%;
– хишт барои сохтмон – 5,8%;
– шифери асбесту сементӣ – 4%.
Тарифҳои хизматгузориҳои пулакӣ давоми моҳҳои январ-октябр 4,4% афзудааст. Нисбатан бештар чунин хизматгузориҳо гарон шудаанд:
– нархи чиптаи ҳавопаймо – 6,3%;
– тарифҳои хизматрасониҳои маишӣ – 3,6%;
– нархи роҳкирои нақлиёти автомобилӣ – 2,9%.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


