Амалиёти “Пиёдагард” дар Душанбе: ҷаримаи беш аз 1,5 ҳазор нафар

Милитсияи пойтахт танҳо давоми рӯзҳои аз 11 то 18 ноябр 1 ҳазору 570 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанберо барои аз роҳ гузаштан дар ҷойи муқаррарнашуда ҷарима кардааст. Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, мутобиқи моддаи 340 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ҳар кадоме аз қонуншиканон дар ҷойи ҳодиса ба маблағи 6 сомонию […]

Asia-Plus

Милитсияи пойтахт танҳо давоми рӯзҳои аз 11 то 18 ноябр 1 ҳазору 570 нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанберо барои аз роҳ гузаштан дар ҷойи муқаррарнашуда ҷарима кардааст.

Тавре дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, мутобиқи моддаи 340 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ҳар кадоме аз қонуншиканон дар ҷойи ҳодиса ба маблағи 6 сомонию 88 дирам ҷарима шудааст.

Дар милитсияи пойтахт қайд мекунанд, ки қонуншиканҳои ашаддии қоидаҳои ҳаракати роҳ дар шаҳри Душанбе пиёдагардон мебошанд.

“Истифода накардан аз гузаргоҳҳои зерзаминиву рӯйизаминӣ ва гузаштани роҳ дар ҷойҳои муқаррарнашуда ё манъшуда ба ҳолатҳои садамавӣ боис мегарданд, ки баъзан худи пиёдагардон аз онҳо осеб мебинанд”, – омадааст дар маълумот.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.