Шарики ин бахш – қаҳвахонаи "Мазза". Қаҳваи бепул ба ҳар касе, ки дар ин қаҳвахона аз соати 7 то 10 субҳона мехӯрад!
АНОНС
– Дар доираи Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” соати 11:00 дар кинотеатри “Ватан” филми «Хонаи кӯҳна» (2018, 11 дақ. Коргардон: Зарина Хоҷимуродова, Олеся Соина) ва сипас филми «Ҳаворӣ 2019» (2018, 29 дақ. Коргардон: Шоҳҷамшед Умарӣ) намоиш дода мешавад. Соати 18:00 дар толори киностудияи “Тоҷикфилм” намоиши филми Далер Раҳматов “Сафари ҳавоӣ” (2018) доир мегардад. Даромад ба ҳамаи намоишҳо ройгон аст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Кадр аз филм
– Дар мусобиқаи Ҷоми Осиёи Марказӣ байни мунтахабҳои ҷавонони занона бозиҳои даври 4-ум баргузор мешаванд. Соати 14:00 дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии мунтахабҳои Ӯзбекистон ва Эрон ва дар ҳамин вақт дар Варзишгоҳи маказии Душанбе бозии тимҳои Афғонистон ва Қирғизистон баргузор мешавад. Соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе дастаҳои Тоҷикистон ва Туркманистон вомехӯранд.
– Дар Қазоқистон мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба гуштини камарабандӣ оғоз мешвавад, ки дар он варзишгарони вилояти Суғд иштирок мекунанд.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.6944 сомонӣ;
1 евро – 10.6803 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1517 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот.
2001 – Президент Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи ифтитоҳи сафорати ҶТ дар Афғонистон фармон ба имзо расонид.
2013 — Дар Тоҷикистон барои плагиат (дуздии адабӣ, асардуздӣ) масъулияти маънавӣ ҷорӣ гардид.
1946 – Зодрӯзи ҳунарпешаи театр ва кино Тағоймурод Розиқов.
1961 – Мавлуди раққоса ва овозхон Ширинмоҳ Ниҳолова.
1966 – Зодрӯзи журналист Парвиз Амирҷонов.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 4+9 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 2+7 гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5 хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришот (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


