Имсол дар Тоҷикистон 6,4 ҳазор нафар ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуданд

Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон бо ташаббуси маъмурият 6,4 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуданд. Тавре Агентии омори назди Президенти ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҳамин ҳол 3,4 ҳазор нафари онҳо бе ҳифзи музди меҳнат мондаанд. Гуфта мешавад, 300 нафар дар реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи кории нопурра фаъолият кардаанд. “Сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пинҳонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар моҳҳои январ-сентябри соли равон бо ташаббуси маъмурият 6,4 ҳазор нафар дар Тоҷикистон ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шуданд.

Тавре Агентии омори назди Президенти ҶТ иттилоъ медиҳад, дар ҳамин ҳол 3,4 ҳазор нафари онҳо бе ҳифзи музди меҳнат мондаанд.

Гуфта мешавад, 300 нафар дар реҷаи ҳафтаи нопурраи корӣ ва рӯзи кории нопурра фаъолият кардаанд.

“Сатҳи бекорӣ бо назардошти бекории пинҳонӣ 2,4%-и қувваҳои кориро ташкил дод”, – қайд мекунанд дар Агентии омор.

Бекории пинҳонӣ машғулияти нопурра мебошад, ки аз сабаби бозистодани истеҳсолот як қисми кормандон ба рухсатии маҷбурӣ ё ба корҳои реҷаашон ҳафтаи нопурра ва ё рӯзи кории нопурра мераванд.

Шумори қувваи корӣ дар моҳи сентябри ҷорӣ 2 млн. 381 ҳазор нафарро ташкил дод.

Тибқи маълумоти расмӣ, теъдоди бекорон (бо назардошти бекории пинҳонӣ) ҳамагӣ 57 ҳазор нафар будааст.

Дар ҳамин ҳол, тӯли нуҳ моҳи соли равон наздики 40 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Аз ҷумла, беш аз 25 ҳазор ҷойи кори доимӣ, зиёда аз 8 ҳазор ҷойи кори муваққатӣ ва беш аз 6 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ фарҳам оварда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.