Суд парвандаи зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро ба прокуратура баргардонд

Додгоҳи Твери шаҳри Маскав тасмим гирифт, ки парвандаи яке аз иштирокчиёни “Парвандаи Маскав”, зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат дар гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл айбдор мешавад, ба прокуратура баргардонад. Тавре “Новая газета” хабар медиҳад, судя Мария Сизинтсева қайд кардааст, ки дар хулосаи айбнома ҷойи содир шудани ҷиноят саҳеҳ […]

Asia-Plus

Додгоҳи Твери шаҳри Маскав тасмим гирифт, ки парвандаи яке аз иштирокчиёни “Парвандаи Маскав”, зодаи Тоҷикистон Самариддин Раҷабовро, ки ба таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳукумат дар гирдиҳамоии рӯзи 27-уми июл айбдор мешавад, ба прокуратура баргардонад.

Тавре “Новая газета” хабар медиҳад, судя Мария Сизинтсева қайд кардааст, ки дар хулосаи айбнома ҷойи содир шудани ҷиноят саҳеҳ зикр нашудааст.

Сергей Бадамшин, ҳимоятгари Раҷабов гуфтааст, хонае, ки дар парванда ҳамчун макони содир шудани ҷиноят нишон дода мешавад, дар асл вуҷуд надорад.

Дар ҳамин ҳол, суд чораи пешгирӣ нисбат ба Раҷабовро тағйир надода, ӯ то 27-уми декабр дар боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) нигоҳ дошта мешавад. Ҳимоятгар дар посух оид ба масъалае мушкилӣ кашидааст, ки ба ҷараёни тафтиши парванда чӣ гуна ба прокуратура баргардонидани он таъсир расондааст.

Самариддин Раҷабов рӯзи 27-уми июл дар гирдиҳамоии эътирозӣ дар Маскав боздошт шуда, аз 2-юми август дар ҳабс қарор дорад.

То ҳабс Самариддин бо лақаби MarDD сурудҳои реп эҷод карда, дар тиҷорати сохтмон кор мекард ва гоҳ-гоҳ дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат меварзид.

Самариддин айни замон дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи ду моддаи КҶ Русия – иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи зӯроварӣ нисбат ба корманди пулис айбдор шуда, ба ӯ то 11,5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.