Қарзи дохилии Тоҷикистон бо пули миллӣ афзуда, бо асъори хориҷӣ коҳиш ёфт

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи дохилии Тоҷикистон бо пули миллӣ ба маблағи 50 млн. сомонӣ афзуд. Тавре Вазорати молияи ҶТ хабар медиҳад, ба ҳолати 1 октябр ҳаҷми қарзи дохилӣ 6,9 млрд. сомонӣ (аввали сол – 6,85 млрд. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ба 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми ин қарзҳои давлатӣ бо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи дохилии Тоҷикистон бо пули миллӣ ба маблағи 50 млн. сомонӣ афзуд.

Тавре Вазорати молияи ҶТ хабар медиҳад, ба ҳолати 1 октябр ҳаҷми қарзи дохилӣ 6,9 млрд. сомонӣ (аввали сол – 6,85 млрд. сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ба 1 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми ин қарзҳои давлатӣ бо доллари ИМА аз 750 млн. доллар дар аввали сол то ба 715 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

Коҳиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ ба гумони ғолиб ба тағйироти қурбӣ вобаста аст: давоми 9 моҳ қурби доллар нисбат ба сомонӣ 2,8% зиёд шуд – аз 9,4298 сомонӣ то 9,6960 сомонӣ барои 1 доллар.

Дар сохтори қарзи дохилии кишвар беш аз 40%-ашро коғазҳои қиматнок (векселҳо) барои дастгирии молиявӣ (рекапитализатсия)-и ду бонки мушкилдори кишвар – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ин қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки Вазорати молия барои қонеъ сохтани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон аз оғози сол қариб бетағйир боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, ба 1 октябри соли 2019 қарзи давлатӣ 3,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 44,7%-и ММД баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.