Рустами Эмомалӣ бо писари президенти Туркия вохӯрд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 28-уми ноябр бо ҳайати намояндагони Туркия таҳти сарварии раиси Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ Наҷмиддин Билол Эрдуғон, писари президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад, дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, маҳаки асосии музокиротро масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 28-уми ноябр бо ҳайати намояндагони Туркия таҳти сарварии раиси Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ Наҷмиддин Билол Эрдуғон, писари президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки бо сафари корӣ дар ҷумҳурии мо қарор дорад, дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, маҳаки асосии музокиротро масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Конфедератсияи умумиҷаҳонии варзиши миллӣ ташкил дод.

Рустами Эмомалӣ ба ҳамсуҳбати худ маълумот дод, ки дар Тоҷикистон соҳаи варзиш фаъолона рушд ёфта, дар баробари намудҳои анъанавӣ – футбол, гуштин, волейбол, камонварӣ, гурзпартоӣ, таэквандо, бокс, инчунин намудҳои варзиши миллӣ, аз қабили аспдавонӣ, гуштингирӣ, чавгонбозӣ ва ғайра хеле маъмул буда, барои ташаккул ва оммавигардонии варзиши миллӣ дар Тоҷикстон Кумитаи ташкилии гузаронидани бозиҳои миллӣ таъсис дода шудааст.

Раиси пойтахт ҳамчунин қайд кард, ки ҳамкориҳои шаҳрдории Душанбе бо сохторҳои ҳукумати Туркия торафт густариш ёфта, имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон наздики 20 ширкати маъруфи Туркия намояндагиҳои худро ифтитоҳ кардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.