Навбатдории шабонаи муовинони Рустами Эмомалӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовинони худ ва раисони чор ноҳияи пойтахтро ба навбатдории шабона уҳдадор кард. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдорӣ хабар доданд, навбатдорон ба ҳалли фаврии мушкилоти сокинони шаҳр вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва дигар ҳолатҳои фавқулода вазифадор шуданд. Навбатдории шабонаи муовинони шаҳрдор ва раисони ноҳияҳои пойтахт то охири […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муовинони худ ва раисони чор ноҳияи пойтахтро ба навбатдории шабона уҳдадор кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдорӣ хабар доданд, навбатдорон ба ҳалли фаврии мушкилоти сокинони шаҳр вобаста ба интиқоли барқу гармӣ дар мавсими зимистон ва дигар ҳолатҳои фавқулода вазифадор шуданд.

Навбатдории шабонаи муовинони шаҳрдор ва раисони ноҳияҳои пойтахт то охири моҳи марти соли 2020 идома меёбад.

“Навбатдорон ба ҳалли мушкилоти сокинони шаҳр, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, шахсан масъуланд”, – таъкид дошт манбаъ.

Муроҷиат ва арзу шикоятҳои сокинони шаҳр ба навбатдорон бо телефонҳои 223-22-14 ва 221-26-95 қабул карда мешаванд.

Аввали моҳи ноябр ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” ба сокинони пойтахт интиқоли мунтазами барқро ваъда дод. Он замон эълон шуд, ки корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳои шаҳр то фасли баҳор гузаронида намешаванд ва танҳо дар ҳолатҳои садама дар шабакаҳо интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад.

Аммо қатъи интиқоли барқ қариб дар тамоми шаҳр идома дошта, он на ҳама вақт ба садама дар хатҳо вобаста аст.

Аз ин рӯ, дар ин муассиса низ навбатдории шабонарӯзӣ ташки шудааст.

Агар интиқоли барқ ба манзили шумо қатъ шавад, метавонед ба телефони боварии 221 66 18 занг занед. 

Телефони маркази танзим (диспетчерӣ)-и “Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе” – 227 27 27.

Телефонҳои маркази танзими шабакаҳои барқи ноҳияҳои пойтахт:

Исмоили Сомонӣ – 227 27 23

Шоҳмансур – 227 27 21

Фирдавсӣ – 234 86 05

Сино – 236 33 19.

Агар ногоҳ ба шумо кумаке лозим шавад, дар зер рақами телефонҳои хадамоти наҷотдиҳиро пешниҳод мекунем, ки тариқи телефони мобилӣ метавон ба онҳо занг зад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.