Комилан қатъ шудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон

Дар робита ба фарорасии фасли сармо ва бо мақсади таъмини талаботи дохилии кишвар содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қатъ шуд. Тавре як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод, мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Душанбе танҳо дар давраи аз моҳи апрел то октябр, вақте ки талаботи дохилии Тоҷикистон пурра таъмин аст, ба […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар робита ба фарорасии фасли сармо ва бо мақсади таъмини талаботи дохилии кишвар содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қатъ шуд.

Тавре як манбаи огаҳ аз ҳукумати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод, мувофиқи созишҳои қаблан ҳосилшуда, Душанбе танҳо дар давраи аз моҳи апрел то октябр, вақте ки талаботи дохилии Тоҷикистон пурра таъмин аст, ба Ӯзбекистон барқ интиқол медиҳад.

Давоми моҳои январ-сентябри соли равон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ҳудуди 1,5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ содирот кард.

Аз моҳи сентябр содироти барқ ба ҳамсоякишвар коҳиш ёфта, нимаи моҳи ноябр Тоҷикистон интиқоли онро ба Ӯзбекистон комилан қатъ кард. Аввали моҳи апрели соли оянда содироти барқ дубора шурӯъ мешавад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти манбаъ, айни замон интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон то ҳадди камтарин поин бурда шудааст.

Агар моҳи август ба Афғонистон шабонарӯзӣ ба ҳисоби миёна 10 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешуд, имрӯз ин рақам то ҳудуди 750-800 ҳазор кВт/соат коҳиш ёфтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.