Низоми “Юнистрим” ҳаққи хизматрасониро барои интиқоли пул ба Тоҷикистон кам кард

“Юнистрим” ба хотири дастрас будани хизматгузорӣ фоизашро барои интиқоли пул ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти низоми интиқоли маблағ хабар доданд. Тарифҳои имтиёзнок (промо-тариф) аз имрӯз, 6-уми декабр амал карда, то 15 январи соли 2020 идома меёбанд. “Дар ин давра дар замимаи мобилӣ ҳаққи хизматрасонӣ дар ҳаҷми 0.99% (пештар […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

“Юнистрим” ба хотири дастрас будани хизматгузорӣ фоизашро барои интиқоли пул ба Тоҷикистон коҳиш медиҳад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти низоми интиқоли маблағ хабар доданд.

Тарифҳои имтиёзнок (промо-тариф) аз имрӯз, 6-уми декабр амал карда, то 15 январи соли 2020 идома меёбанд.

“Дар ин давра дар замимаи мобилӣ ҳаққи хизматрасонӣ дар ҳаҷми 0.99% (пештар – 1,5%) муқаррар мешавад. Дар бонкҳои шарики низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол 0.95% ва дар шабакаҳои чакана 1.5%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҳадди ақалли ҳаҷми ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқол дар шабакаи худӣ ду баробар – аз 100 рубл то 50 рубл барои интиқоли маблағи то 5 ҳазор рубл кам мешавад”, – иттилоъ доданд дар хадамоти матбуот.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабр дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли пул бе кушодани суратҳисоб ба фаъолият оғоз кард.

Айни замон танҳо низомҳои “Юнистрим” ва “Контакт” ҳамгироӣ бо ин Марказро пурра ба итмом расонида, тариқи ин низомҳо шаҳрвандон бемонеа метавонанд амалиёти интиқоли маблағро анҷом диҳанд. Пайвастшавии низоми интиқоли пули “Вестерн Юнион” ба Марказ дар назар буда, доир ба пайвастшавии дигар низомҳо, аз ҷумла, “Золотая корона” алҳол хабар дода намешавад.

Дар бораи чӣ гуна имрӯз аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристодан, то ки наздиконатон онро бе душворӣ гиранд, бо ин суроға маълумот дарёфт карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.