5500-солагии Саразм ба феҳристи рӯзҳои ҷашнии ЮНЕСКО ворид шуд

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ ба Феҳристи рӯзҳои ҷашнии ЮНЕСКО ворид гардид. Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин ташаббусҳо дар Конфронси кулли ЮНЕСКО рӯзҳои 12-28 ноябри соли равон бо иттифоқи оро пазируфта шуданд. Гуфта мешавад, маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри соли 2020  […]

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи таҷлили 5500-солагии Саразм ва 700-солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ ба Феҳристи рӯзҳои ҷашнии ЮНЕСКО ворид гардид.

Раёсати иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ин ташаббусҳо дар Конфронси кулли ЮНЕСКО рӯзҳои 12-28 ноябри соли равон бо иттифоқи оро пазируфта шуданд.

Гуфта мешавад, маросими бузургдошти 5500-солагии таъсиси шаҳри бостонии Саразм 12 сентябри соли 2020  таҷлил хоҳад шуд.

“Бо Қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи сентябри 2001 Ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли 2010 бо пешниҳоди Тоҷикистон ин ёдгории нодир аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии умумибашарӣ ворид гардид”, – омадааст дар хабари ВКХ.

Зикр мешавад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз Саразм боздид карда, бо дастури ӯ дар солҳои 2003-2008 панҷ ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеи Саразм болопӯш шуд.

Ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардид. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Ба гуфтаи бостоншиносон, шаҳри Саразм аз охири ҳазораи IV-уми пеш аз милод ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Ба ин захираҳои бойи тилло, нуқра, мис, сурб ва руҳ дар кӯҳҳои болооби дарёи Зарафшон мусоидат кардааст.

Саразм ҳамчун яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аҳаммияти бузурги илмӣ, таърихӣ ва байналхалқӣ дорад. Ин яке аз ёдгориҳои аввалини мероси ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Шаҳрак яке аз қадимтарин нуқтаҳои аҳолинишин ва далелҳои рушди пешрафти шаҳрсозӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Соли 2010 ба рӯйхати ёдгориҳои таърихии чаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.