Иҷлосияи муштараки палатаҳои парлумони Тоҷикистон 26 декабр баргузор мешавад

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 26 декабр даъват шудани иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум қарор ба имзо расонид. Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин рӯз раисҷумҳур паёми анъанавии ҳамасолаи худро ба парлумон ироа медорад. Иҷлосияи муштарак дар маҷмааи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи рӯзи 26 декабр даъват шудани иҷлосияи муштараки ҳар ду палатаи парлумони ҷумҳурӣ даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамин рӯз раисҷумҳур паёми анъанавии ҳамасолаи худро ба парлумон ироа медорад.

Иҷлосияи муштарак дар маҷмааи “Кохи Сомон”-и пойтахт баргузор шуда, дар он аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ иштирок мекунанд.

Дар паёми худ президент ба масоили сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, самтҳои асосии рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ ва ҷомеаро дар соли 2020 муайян мекунад.

Манбаъ қайд кард, ки то ин дам рӯзи 25 декабр иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, аъзои палатаи болоии парлумон қонунҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнӣ қабулшударо баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.