Ҳизби ҳокими Тоҷикистон роҳбарияти нав интихоб мекунад

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и пойтахт рӯзи 13 декабр анҷумани 13-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҲХДТ хабар дод. Дар ин анҷуман бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пешвои ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва аз фаъолияти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и пойтахт рӯзи 13 декабр анҷумани 13-уми Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҲХДТ хабар дод.

Дар ин анҷуман бо иштироки беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ пешвои ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва аз фаъолияти ҳизб тайи панҷ соли охир натиҷагирӣ мекунад.

Ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Раёсати КИМ ва дигар мақомоти марказии ҳизб тасдиқ мешавад.

Дар кори анҷуман масъалаи омодагӣ ба маъракаи интихоботи палатаи поёнии парлумон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1 марти соли оянда таъин шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷуман рӯйхати номзадҳои ҲХДТ ба вакилии палатаи поёнии парлумон аз рӯйхати ҳизбӣ эълон мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.