Коршинос: Низоми ММП-и Тоҷикистон номукаммал аст

Шореҳи иқтисодӣ Уткир Умарбоқиев дар бораи фаъол шудани Маркази миллии протсессингӣ изҳори назар кард. – Бо назардошти аз ҷониби низомҳои интиқоли пули Русия дархост шудани 6 моҳ барои тадриҷан гузаштан ба реҷаи пешниҳодшудаи БМТ, ки бори нахуст дар ИДМ яктарафа пешниҳод шуд, он ба таври комил таҳияву мувофиқа нашудааст ва ба бозигарони бозор умедворӣ намебахшад. Пешниҳод […]

Шореҳи иқтисодӣ Уткир Умарбоқиев дар бораи фаъол шудани Маркази миллии протсессингӣ изҳори назар кард.

– Бо назардошти аз ҷониби низомҳои интиқоли пули Русия дархост шудани 6 моҳ барои тадриҷан гузаштан ба реҷаи пешниҳодшудаи БМТ, ки бори нахуст дар ИДМ яктарафа пешниҳод шуд, он ба таври комил таҳияву мувофиқа нашудааст ва ба бозигарони бозор умедворӣ намебахшад.

Пешниҳод мешавад, ки маблағҳои тариқи интиқол воридшуда бе кушодани суратҳисоб дар бонкҳо тавассути “низоми бехатарӣ”-и Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) гузаронида шаванд. Маълум аст, ки ин тақрибан 3 млрд. доллар дар як сол танҳо аз Русия аст. Тавре дар ВАО-и Русия қайд мешавад, аз ин амалиёт танҳо ҷониби Русия 6-7 млрд. рубл ба даст меорад, ки тақрибан 100 млн. доллар аст.

Акнун суоле ба миён меояд: аз ин “маблағҳои воридшуда” Тоҷикистон чӣ миқдор пул кор мекунад? Рақами мушаххасро аз ташкилотҳо ва шахсони ваколатдор интизорем. Дар сари мардум ҳам суоле мечархад: “Аз ин маҳз кӣ ва чӣ қадар пул кор мекунад?”. Охир касе бояд бурд кунад.

Аммо ин дақиқан муҳоҷирони корӣ нахоҳанд буд, ки маблағи баробар ба 30%-и буҷети давлатиро мефиристанд.

Дуруст аст, ки дар бораи тағйир наёфтани ҳаққи хизматрасонӣ (комиссия) маълумот ба нашр расид, лекин ба ақидаи ман, онҳо ояндаи хеле наздик иваз мешаванд. Муддати 1 рӯз фурсат наёфтанд, ки бонкҳоро аз ин огоҳ кунанд. Умедворам, ки пешгӯйӣ хатост ва бонкҳо фоидаи худро саховатмандона тақсим мекунанд, то ки мавқеашонро дар бозори молиявии Тоҷикистон нигоҳ доранд.

Вале дар ҳолатҳои нархгузории чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳандозии “тарзи инноватсионӣ”-и кор дар хадамоти почтаи Тоҷикистон низ дар ниҳояти кор вазъи бозор вайрон шуд: нархҳо боло рафта, бархе аз бозигарон кишварро тарк карданд ва сатҳи хизматрасонӣ бад шуд. Истеъмолгарон ба ҳамааш сабр карданд.

Аллакай чандин сол инҷониб чиптаҳои хатсайри ҳавоии Душанбе – Маскав 2,5-3 баробар гаронтар аз чиптаҳои Бишкек – Маскав мебошанд. Лекин масофа қариб баробар аст.

TNT, UPS ва Fedex аз бозорҳои Тоҷикистон куҷо ғайб заданд? Баъд аз онҳо кадом бозигарон пайдо шуданд? Онҳо ба кӣ тааллуқ доранд?

Талошҳои охири бозбинии бозорҳои иртиботи ҳавоӣ, хадамоти почта ва алоқаи мобилӣ гувоҳи ин аст: бозиро шахсоне ба роҳ мондаанд, ки фоидаи зиёд мегиранд. Ба ҳама возеҳ аст, ки дар ҳолати хуби ин бозӣ буҷети давлатӣ бурд мекунад, ки аз БМТ “пулҳои зудраси кӯтоҳмуҳлат” вориди он мешаванд, аммо дар ҳолати воқеӣ як зумра ваколатдороне фоида мегиранд, ки раҳбарияти БМТ ва кишварро ба “таконбахшӣ”-и ин иқдом муътақиду водор кардаанд.

Мувофиқи назари яке аз ҳамкоронам, ки ба идоракунии давлатӣ хуб сарфаҳм меравад, қоидаҳои нав шояд ба касоне аз 15 то 30 млн. доллар дар як сол даромад меорад ва ин ҳатман давлат ҳам буда наметавонад. Ин ҳатто ширкати офшорӣ буда метавонад.

Варианти иштироки Сбербанки Русия ва ташкилотҳои зертобеъи онро дар ин тақсимот аз эҳтимол дур намедонам, зеро чанде пеш аз ҷониби он ҳаракатҳое дар ин самт шуда буд. Ҳадди ақал ҳаминро ба назар гиред, ки моҳи октябри соли ҷорӣ Сбербанк ба гузаронидани пул ба “Корти миллӣ” тариқи замимааш имкон дод. Вақти зиёде нагузаштааст…

Бонки миллии Тоҷикистон кай бори нахуст дар бораи ҷорисозии “маркази ягонаи протсессингӣ” изҳори назар кард? Умедворам, ки хонандагон байни ин муомилот ва навгонӣ робитае дарёфт мекунанд.

…Боз як чизи дигар. Яке аз асосҳои БМТ тақрибан чунин садо медиҳад: “Ин реҷаро ба хотири пешгирии талафот аз муфлисшавии имконпазири бонкҳо-операторони Русия ҷорӣ месозем”. Боварибахш аст? Акнун бихонед, ки дар чунин ҳолатҳо кишварҳои пешрафта чӣ тадбирҳо меандешанд. Ҷаноби бонкдорони БМТ, аз шумо дархост мекунем, ки чунин иқдомҳоро бе сарбории иловагӣ барои муҳоҷири ҷафодида аз Тоҷикистон ба таври шаффоф, ҳирфаӣ ва бо шарти ҳамкории мутақобилан судманд баргузор кунед.

Дар фарҷоми шарҳи мазкур аз раҳбарияти Бонки миллӣ хоҳиш мекунам, ки миллионҳо нафар корбаронро, ки ба он ё ин гунае ин навгонӣ ба онҳо дахл мекунад, аз асосҳои молиявиии тасмими мазкур огоҳ кунад.  

PS: Барои касоне, ки ба баррасии ин мавзӯъ аз ҷониби ман шубҳа доранд, гуфтаниам, ки 12 сол пеш дар мактаби олӣ дар мавзӯи “Технологияҳои иттилоотӣ дар умури бонкӣ” диплом ҳимоя кардам.

ДАР ҲАМИН ҲОЛ:

Оё метавон бе Маркази миллии протсессингӣ (ММП) пулро интиқол дод?

Ба ростӣ, назди худ ин суолро нагузоштаем. Лекин тасодуфан дар шабака аз муттахассисон чунин тавсияҳоро дарёфтем:

1) Дар Сбербанк ба номи худ 2 корт мекушоед.

2) 1 кортро бо дӯстатон ба наздикони худ ба Тоҷикистон мефиристед, кодро ба ӯ нагӯед.

3) Ба ҳамсар ё модаратон бо паёмак (СМС) коди кортро ирсол мекунед.

4) Мунтазам ба корти №2 пул гузошта, дарҳол онро ба корти №1 мегузаронед, ки ба ҳамсар ё модаратон фиристодаед.

5) Наздикони шумо ин пулро дар Тоҷикистон аз банкоматҳои ТҚХ “Душанбе Сити”, “Коммерсбонки Тоҷикистон” ё “Спитамен Бонк” мегиранд.

6) Ба шумо дар бораи чӣ миқдор ва дар куҷо гирифта шудани пул паёмак меояд.

7) Шумо ва оилаатон барои интиқол ҳеҷ маблағе пардохт намекунед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.