Баррасии тасдиқи созишномаи сохтмони мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумати Русия тасдиқи созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора торнамои ҳукумати Русия хабар додааст. “Дар лоиҳаи қонун тасдиқи созишнома байни ҳукумати кишварҳо дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимии русзабон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки 17 апрели соли 2019 […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи имрӯзаи ҳукумати Русия тасдиқи созишномаи байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи бунёди 5 мактаби русӣ дар ҷумҳурӣ баррасӣ мешавад. Дар ин бора торнамои ҳукумати Русия хабар додааст.

“Дар лоиҳаи қонун тасдиқи созишнома байни ҳукумати кишварҳо дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои таълимии русзабон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, ки 17 апрели соли 2019 дар Маскав ба имзо расида буд, пешбинӣ шудааст”, – қайд мешавад дар маълумот.

Ҳадаф аз имзои Созишнома давра ба давра бунёди 5 мактаби таҳсилоти умумӣ бо таълими забони русӣ дар ин шаҳрҳо мебошад, ки ҳар кадоме барои таҳсили 1,2 ҳазор нафар толибилмон пешбинӣ шудааст.

“Таълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад”, –  омадааст дар маълумот.

Қаблан раиси кумитаи Думаи давлатӣ оид ба умури ИДМ, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанон, вакил аз фраксияи “Единая Россия” Виктор Водолатский, ки дар ҳайати Думаи давлатӣ аз Тоҷикистон боздид кард, хабар дод, ки Русия ба рушди забони русӣ дар Тоҷикистон аз буҷет 168 млн. рубл маблағи иловагӣ ҷудо мекунад.

Дар навбати худ вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид дар ин робита изҳор дошт, ки барои бунёди 5 мактаб дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода қитъаҳои замин ҷудо шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.