БОР барои бунёди роҳ аз канори обанбори Роғун $110 млн. ҷудо мекунад

Бонки осиёии рушд (БОР) барои сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод 110 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Роҳи амалкунанда байни маҳаллаҳои аҳолинишин ояндаи наздик зери обанбори нерӯгоҳи Роғун мемонад. Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки пешниҳоди кумаки молиявӣ рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) барои сохтмони роҳи Обигарм – Нуробод 110 млн. доллар кумаки бебозгашт ҷудо мекунад. Роҳи амалкунанда байни маҳаллаҳои аҳолинишин ояндаи наздик зери обанбори нерӯгоҳи Роғун мемонад.

Намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава ба рӯзноманигорон дар ин робита иттилоъ дод, ки пешниҳоди кумаки молиявӣ рӯзи 5-уми декабр аз ҷониби Шӯрои мудирони бонк маъқул дониста шуд.

“Ин роҳи муҳими долони байнулмилалист, ки дастрасии 17 маҳаллаи аҳолинишинро ба имконот ва хизматгузориҳои иҷтимоӣ таъмин мекунад, – иброз дошт ӯ. – Дар лоиҳа бунёди наздики 75 километр роҳи духата ва якчанд пулу нақб пешбинӣ шудааст”.

Сривастава қайд кард, ки амалисозии лоиҳа дар се марҳила ба нақша гирифта шуда, маблағҳои аз ҷониби БОР ҷудомешуда ба сохтмони қитъаи аввали роҳи Обигарм – Тоҷи Қамар бо масофаи 30 километр равона мегарданд.

Ба гуфтаи намояндаи доимии БОР, дар ин қитъа бунёди ду нақб бо масофаи умумии 3,3 километр дар назар аст.

“Фурсат кам буда, то замони зери об рафтани роҳи ҳозира, ин қитъа бояд то соли 2023 сохта шавад”, – гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти пешакӣ, барои бунёди ин роҳ аз канори обанбор дар маҷмӯъ ҳудуди 350 млн. доллар маблағ зарур аст.

Барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи мазкур ҳукумат ба дигар шарикони рушд низ муроҷиат кардааст.

Дар назар аст, ки маблағҳои иловагиро Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ҳамчунин Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ пешниҳод мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.