Бонкҳои Тоҷикистон ду рӯзи истироҳат барои интиқоли пули муҳоҷирон кор мекунанд

Date:

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки нуқсонҳои марбут ба пардохти маблағҳои интиқолшударо аз байн мебарад. Айни ҳол фақат низомҳои пардохтии “Юнистрим” ва “Контакт” фаъол буда, интиқоли пул ба “Корти миллӣ” низ имконпазир аст.

Бо супориши Бонки миллии Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат – шанбе ва якшанбе, 7-8 декабри соли равон тамоми ташкилотҳои қарзӣ ва филиалҳои онҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҳама минтақаҳои кишвар барои амалӣ кардани интиқоли маблағ ва дигар намуди хизматрасониҳо фаъолият мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз шуъбаи матбуоти БМТ иттилоъ доданд.

“Шаҳрвандон маблағҳои интиқолии худро метавонанд тавассути низомҳои пардохтии “Юнистрим” (12-рақама) ва “Контакт” (8 ва 9 рақама) амалӣ намоянд. Айни замон истифодаи кодҳои 9-рақамаи низоми пардохтии “Золотая Корона” ғайриимкон аст”, – афзуд манбаъ.

БМТ ду рӯз пеш иттилоъ дода буд, ки мизоҷон ҳамчунин маблағҳои худро тариқи аз як корт ба корти дигар гузаронидан, яъне аз корти бонкҳои Русия ба корти бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, ҶСП “Аввалин бонки молиявии хурд”, ҶСК “Комерсбонк Тоҷикистон”, ҶДММ ТАҚХ “Душанбе Сити”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “Бонки Эсхата” ва ҶСП “Халиқ Бонк Тоҷикистон” дастрас карда метавонанд. Ҳоло интиқоли маблағҳо аз хориҷа ба корти БДА “Амонатбонк” имкон надорад.

Asia-Plus оид ба ин мавзӯъ дар матлаби “Имрӯз чӣ гуна метавон аз Русия ба Тоҷикистон пул фиристод?” маълумоти муфид ҷамъоварӣ кардаст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...