Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҲХДТ натиҷагирӣ мекунад

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, пешвои он Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохти ҳизб тайи панҷ соли охир натиҷагирӣ мекунад. Назди аъзои ҳизб вазифаҳои нав гузошта мешаванд. Дар маҷмаи “Кохи Борбад”-и пойтахт имрӯз, 13 декабр соати 10 анҷумани навбатии 13-уми ҲХДТ оғоз мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад, пешвои он Эмомалӣ Раҳмон аз бурду бохти ҳизб тайи панҷ соли охир натиҷагирӣ мекунад. Назди аъзои ҳизб вазифаҳои нав гузошта мешаванд.

Дар маҷмаи “Кохи Борбад”-и пойтахт имрӯз, 13 декабр соати 10 анҷумани навбатии 13-уми ҲХДТ оғоз мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Кумитаи иҷроияи марказӣ (КИМ)-и ҳизб хабар дод.

Дар кори анҷумани ҲХДТ беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Дар анҷуман ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Раёсати КИМ ва дигар мақомоти марказии ҳизб тасдиқ мешавад.

Ба масъалаи омодагӣ ба маъракаи интихоботи палатаи поёнии парлумон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки рӯзи 1 марти соли оянда таъин шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар анҷуман рӯйхати номзадҳои ҲХДТ ба вакилии палатаи поёнии парлумон аз рӯйхати ҳизбӣ эълон мешавад.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, роҳбари ҳизб раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Айни замон шумори аъзои ҲХДТ беш аз 500 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Наздики 40%-и аъзои ҲХДТ ҷавонон мебошанд.

Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзо ё номзадҳои аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.