Бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха дар Бохтар

Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха (велосипед) оғоз шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд. “Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 10 ҳазор дучархаи ҳаҷмаш гуногун хоҳад буд”, – иброз дошт манбаъ. Мувофиқи нақша, ин корхона то ҷашни Наврӯзи соли […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха (велосипед) оғоз шудааст.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.

“Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта мешавад. Иқтидори солонаи истеҳсолии он 10 ҳазор дучархаи ҳаҷмаш гуногун хоҳад буд”, – иброз дошт манбаъ.

Мувофиқи нақша, ин корхона то ҷашни Наврӯзи соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад. Дар он 60 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

“Баъд аз оғози фаъолияти корхона роҳбарияти он ният дорад, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ мағозаҳои махсус ифтитоҳ карда, маҳсулоти худро ба фурӯш гузорад”, – гуфт ӯ ва афзуд, ки дар заминаи он як коргоҳи ҷӯроббофӣ низ сохта мешавад.

Ба қавли манбаъ, минтақаи саноатии шаҳри Бохтар ягона дар миқёси ҷумҳурӣ буда, масоҳати он 6,9 гектарро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз дучарха, дар ин минтақаи саноатӣ ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли шифер, макарон ва сақич сохта шаванд. Дар маҷмӯъ, то ба имрӯз барои 10 соҳибкор, ки хоҳиши бунёди корхонаҳои саноатиро доранд, дар ин минтақа замин ҷудо карда шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.